Skip to main content

Қоидаҳои тартиби пешниҳоди мақола барои муаллифон

Книга

БА ТАВАҶҶУҲИ МУАЛЛИФОН!

Дар маҷаллаи илмӣ-амалии «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» мақолаҳое, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалии соҳаҳои иқтисодию молия, ҳуқуқ ва филологиро дар бар мегиранд, чоп мешаванд. Мақолаҳо дар давоми сол қабул карда мешаванд. Маводе, ки дар нашрияҳои дигар чоп шудаанд ва ё дар арафаи чопанд, қабул карда намешаванд. Мақолаҳои пешниҳодшаванда бояд ҷавобгӯи чунин талабот бошанд:

  1. Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, нақша, рӯйхати адабиёт ва матни аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд аз 10 саҳифаи компютерӣ кам набошад.
  2. Мақолаҳо дар шакли электронӣ ва дар шакли чопӣ (1 нусха) пешниҳод карда шаванд.
  3.  Мақолаҳо ба забони русӣ паз аз гузаронидани барномаи «Антиплагиат» бо пешниҳоди маълумотнома қабул карда мешаванд.
  4.  Мақолаҳо дар системаи Miсrosoft Word бо чунин тарз: мақолаҳои тоҷикӣ бо гарнитураи Times New Roman Tj андозаи ҳуруфи матни асосӣ – 14, рӯйхати адабиёт – 12, фосилаи байни сатрҳо – 1 см, сархат аз гӯшаи чапи варақ бо андозаи – 1,25 см, фосилаҳо аз боло – 3 см, аз поён – 2,5 см, аз чап – 3 см, аз рост – 2 см пешниҳод шуда, ҳамаи саҳифаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.
  5. Дар саҳифаи аввали мақола УДК, номи мақола, ному насаб ва маълумот дар бораи муаллиф (муаллифон) ва ташкилот ё муассиса, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон нишон дода мешаванд.
  6. Мақола бо аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (курсив, андозаи 12) оғоз гардида, бояд муҳтавои асосии мақоларо амиқ дар бар гирад ва дар шакли алоҳида ба нашр мувофиқ бошад (на камтар аз 10 сатр).
  7. Калидвожаҳо тасвири кӯтоҳи мундариҷаи маводи илмӣ буда, дар бораи мавзуъ ва сохтори он маълумоти умумӣ медиҳанд ва аз 8 то 10 калима ва ё ифодаро дар бар гирифта, бо вергул ҷудо карда мешаванд.
  8. Маълумот дар бораи муаллиф (бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бояд инҳоро дар бар гирад: ному насаби пурраи муаллиф (он), дараҷаи илмӣ, вазифа, ҷойи кор, суроға, телефон ва Е-mail (шрифти курсив 12)
  9. Иқтибосҳо дар дохили қавсҳои чоркунҷа, ба мисли [1, с. 24] нишон дода мешаванд. Рӯйхати адабиёт (аз 8 - 10 номгӯй кам набошад) дар охири мақола бо нишон додани ҳаҷми умумии саҳифаҳои сарчашма аз рӯи алфавит бо зерсарлавҳаи «Адабиёт» (Литература) оварда мешавад. Адабиёти истифодашуда қатъиян бо риояи ҳамаи меъёр ва қоидаҳои тартиби библиографӣ таҳия мегардад.
  10. Ҷадвал, расм, диаграммаҳои дар мақола истифодашуда бояд қатъиян аз рӯи талаботи муқарраргардида нишон дода шуда, рақам ва номгузорӣ карда шаванд.
  11. Мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда баъд аз хулосаи ҳайати таҳририя ва тақризи мусбат барои имкони чопи мақола дошта бошанд.
  12. Матни мақола бояд саҳеҳу мукаммал ва дар шакли ниҳоӣ пешниҳод гардад.
  13. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои илмиро ихтисор ва таҳрир намояд.
  14. Мақолаҳое, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нестанд, қабул карда намешаванд.