Сиёсати маҷалла
Маҷаллаи илмии «Маърифати сайёҳӣ» аз соли 2025 нашр мешавад ва нашрияи даврии илмии тақризшаванда буда, аз ҷониби Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Маҷалла аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 08 январи соли 2025 таҳти № 397/МҶ-97 ба қайд гирифта шуда, ба «Шохиси иқтибосоварии илмии Россия» (РИНЦ), ки дар платформаи Китобхонаи миллии электронии Федератсияи Россия ҷойгир аст, шомил гардидааст. Ин амр мутобиқати онро ба талаботи байналмилалӣ нисбат ба нашрияҳои илмӣ тасдиқ менамояд.
Ҳадафи асосии маҷалла паҳн намудан ва рушди донишҳои илмӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисод, ҳуқуқ ва дигар фанҳои ҳаммарзи иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин ташаккули дискурси касбӣ ва илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами саноати сайёҳӣ, соҳаи меҳмондорӣ, рушди устувор ва «иқтисоди сабз» мебошад.
Бо дарназардошти афзудани нақши сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва соҳибкорӣ, маҷалла ба ҳамгироии таҳқиқоти миллии илмӣ ба фазои байналмилалии илм равона шудааст. Ба мубодилаи таҷриба миёни олимони Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Сиёсати нашриёти маҷалла ба принсипҳои объективияти илмӣ, ростқавлии академӣ, ошкорбаёнӣ ва равиши байнисоҳавӣ (байнифаннӣ) асос меёбад. Ҳамаи маводе, ки ба идорааи таҳририя ворид мегардад, ҳатман аз тақриз мегузарад, ки сатҳи баланди илмии мақолаҳои чопшаванда ва мутобиқати онҳоро ба меъёрҳои байналмилалии нашрияҳои илмӣ таъмин мекунад.
Маҷалла мақолаҳои илмии аслӣ, баррасиҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти назариявӣ ва амалӣ (татбиқӣ)-ро аз рӯйи самтҳои асосии зерин нашр мекунад:
- иқтисодиёти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
- менеҷмент ва маркетинг дар саноати меҳмондорӣ;
- рушди устувор, сайёҳии экологӣ ва этносайёҳӣ;
- рақамисозӣ ва инноватсияҳо дар маорифи сайёҳӣ;
- шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ;
- ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва институтсионалии рушди минтақаҳо.
Сиёсати бисёрзабонии маҷалла (нашри мавод бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба густариши доираи хонандагон, боло бурдани иқтибосоварӣ ва ҳамгироии натиҷаҳои илмӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии таҳқиқотӣ равона шудааст.
Ҳайати таҳририяи маҷалла аз олимон ва мутахассисони пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо иборат буда, дорои эътибори баланди илмӣ ва таҷрибаи назарраси коршиносӣ мебошанд. Ин имкон медиҳад сатҳи баланди экспертизаи илмӣ таъмин гардида, маводҳои чопшаванда ба самтҳои актуалии рушди илм ва амалия мутобиқ бошанд.
Маводҳое, ки дар маҷалла нашр мешаванд, натиҷаҳои таҳқиқоти мақсадноки илмиро инъикос мекунанд, ки ба такмили муҳити иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ равона шудаанд.
Таҳририя бар он назар аст, ки ҳамкории илмӣ ва кооператсияи муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун ба дарки амиқтари масъалаҳои сайёҳӣ ва соҳибкории муосир мусоидат намуда, натиҷаҳои бадастомада на танҳо аҳамияти маҳаллӣ, балки арзиши байналмилалӣ низ пайдо мекунанд.
Сиёсати маҷаллаи «Маърифати сайёҳӣ» ба дастгирии ташаббусҳои илмӣ, рушди фарҳанги академӣ ва ташаккули ҷомеаи касбии илмӣ равона шудааст. Таҳририя итминон дорад, ки маҷалла ба минбари устувори илмӣ барои муҳокимаи масъалаҳои мубрам табдил ёфта, дар рушди илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.